ТЭТ ҲНИ – ҳизби моҷароҷў

Муҳимтарин манбаъи таъмини амният ва субот дар кишвар ин оромии муҳитдар ҷомеа ба шумор меравад.Ташкилотҳои террористи инро хуб дарк карда барои осебпазирнамудани муҳити динӣ ваноором сохтани фазоииттилоотӣақидаҳои ифротии худро дар байни ҷавонон паҳн карда онҳоро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд.Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа мехисобанд. Гурўҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди роҳбари ҲНИ мебошад. Ҳаракатҳои ғайриқонуниипайравони ТЭТ ҲНИ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои нооромгардонидани вазъиятибосуботуосоиштаикишвар амалҳои зиддидавлатӣнамудаанд, вале мардуми шарифи тоҷик ва миллати сулҳпарвар тавонистан тамоми фикру ғаразҳои бадхоҳонаи онҳоро ошкор созанд ва қувваҳои қудратиикишвар онҳоро дастгир намоянд.

Имрўз ҷомеаи тоҷик, чӣ онҳое,киҳаёти дунявӣ пеш мебаранд ва чӣ онҳое, ки арзишҳои исломӣ маҳаки зиндагияшон аст, бо нигоҳе ба рўйдодҳои имрўзаи ҷаҳони ислом ваёдоварииҳодисаҳоисолҳои аввали истиқлоли кишвари худ, ба ин хулоса расидаанд, ки дин ва ақидаи мазҳабӣ наметавонаддар кишвар ҳоким бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ТЭТ ҲНИ-ро наметавон ҳатто як ҳизби ҳомии арзишҳои динӣномид.Ин як гурўҳи тундрав ва террористӣбуда, дар дохили кишвар ҳеҷнерўисолиме қабулаш надорад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимои муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқигуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳоиаввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳми, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳоиҷомеа маҳз аз рўи ин ҳадафҳоисозанда, ки рушди минбаъдаиҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаимо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Монабояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ