Терроризму экстремизм ва оқибатҳои хавфноки он

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар хобгоҳи писаронаи рақами 9-и донишгоҳ чорабинии тарбиявию сиёсӣ баргузор гардид.

Дар раванди чорабинӣ устодон Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзӯи"Терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои хавфноки он", Саидмурод Қаюмов дар мавзӯи “Терроризм ва хатари он ба ҷомеа" ва Аҳмадҷон Файзиев дар мавзӯи "Ҷавонон бар зидди терроризм ва ифротгароӣ" муфассал баромад намуда, роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои асрро шарҳу тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки терроризм ва экстремизм падидаи номатлуб буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Баъдан, донишҷӯён аз факултети математика Муҳаммад Сатторов, Бахтиёр Ҷабборов, Каримҷон Ниёзов, аз факултети таърих ва ҳуқуқ Фаридун Тоҳиров, Ҷамшед Норов ва аз факултети забонҳои шарқ Абдулло Бобозода дар баромадҳои хеш терроризм ва экстремизмро сахт маҳкум намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҷавонон имрӯз бояд дар атрофи сиёсати маърифатпарварона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, бо шукргузорӣ аз ин кишвари ободу зебо баҳри рушду пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон шабу рӯз талош варзанд.

Дар идомаи чорабинӣ дар мубоҳисаи ошкоро донишҷӯён андешаҳои худро оиди якпорчагии Тоҷикистон, пойдориву устувории он ва таҳкими ваҳдати миллӣ баён намуданд. Чорабинии тарбиявию сиёсӣ дар фазои озод бо андешаҳои амиқу созанда ва ифтихору ғурури баланди меҳанпарастӣ ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ