​Терроризм ва экстримизми динӣ - хатари он ба ҷомеаи муосир

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, лекин омилҳое низ ба монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуротҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасанд.

Пешвои миллат дар тамоми баромадҳои худ оид ба хатари экстремизм ва терроризми динӣ изҳори нагаронӣ намуда, роҳи пешгирии шомилшавии ҷавононро ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пешниҳод мекунанд. Сарвари давлат чунин ибрози андеша намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо инамудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтанини низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»-ро қабул карда шуда аст.

Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо вазоҳироташмаҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пойдории сулҳу суботи љомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ дар якчанд созмону ташкилотҳои байналхалқӣ аъзо буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иљтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

Назарзода Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ