​Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ

Дар замони муосир ҷомеаро падидаҳои номатлуб ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба ташвиш овардааст.Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, оромиву осудагии ҷомеаро халалдор менамояд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро вабое таҳдид менамояд, ки терроризму экстремизм меноманд.Сабабҳои шомилшавии ҷавонони имрӯза ба чунин гурӯҳҳо ин пеш аз ҳама ноогоҳии баъзе ҷавонон аст. Ба ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳ, дур аз аслияти хеш,аз илму маърифат, ки фирефтаи фиребу найранги чунин нохалафон гаштаанд,таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд,ки сиёсати давлатдори бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризм ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ,ҷавононро мебояд,ки зиракии сиёсиро аз даст надода,сабабу омили шахсони ифратор ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд,то сулҳ,ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Сабабҳое, ки боиси ба гурӯҳҳои тундрав рафтани баъзе аз шаҳрвандон мешаванд, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, дониши хуби динӣ надоштан,таъсири омилҳои беруна,надоштани маърифати сиёсӣ,наёфтани мавқеъ дар ҷомеа,муҳоҷирати меҳнатӣ,нодуруст андешидани ақидаҳои динӣ ва миллӣ,бехабар будан аз ҳуввияти миллӣ,бурдани тарзи ҳаёти носолим ва дигарҳо мебошанд.

Мақсади ҳаракати ифротгароӣ бунёди хилофати исломӣ аст. Гурӯҳҳои террористӣ аз даҳшатангезтарин ташкилот ба ҳисоб рафта, бо зури ишғол намудани давлатҳои мусулмоннишин ва тобеи худ карор кардани онҳоро ҳадафи худ қарор додаанд.Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа худро хамчун поку софдил ва ҳақиқатгӯ муаррифи карданӣ мешаванд ва бо ҳар роҳу восита матлабҳои нодурусти худро тарғибу ташвиқ намуда ҷавонони бегуноҳ, заифирода, камсавод ва ноогоҳро дар чорроҳаи зиндагӣ бо роҳи фиреб ба доми худ мекашанд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд,ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад,истифодаи он мақсади ҷисмонӣ,бартараф кардани рақибони сиёсӣ,вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад,ки он мумкин аст ба ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолати вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолати мубориза барад.

Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯш карда шудае аст,ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият,халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст,ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст,ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд,аммо дар аслмоҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати ҷомеа,дин ва аҳли он,балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе,ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд,дар он зоҳир меёбад,ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти «гуё динӣ »онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда,ба амалҳои низоъпарастӣ,ифротгароӣ ва террористӣ,ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ », «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд,яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд,аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зикр мекунанд, ки исломро бо терроризму экстремизм айният додан хато аст. Инчунин мудом таъкид мекунанд, ки эксремизм ва терроризм дин,мазҳаб ва миллат надоранд ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани дини мубини Ислом нодуруст аст.Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористиро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое маҳсуб мебошад,ки дар Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ,маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Хулосаи ҳамаи ин матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа бахусус ҷавононамон фаҳмонида тавониста бошем, ки ба тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубриза хоҳанд бурд.

Бояд қайд намуд, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуб худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат донистаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Имрӯз, ҷавонон тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк карда истодаанд, ки терроризм ва ифротгароӣ оқибатҳои бади марговар дошта, қасди нобудии миллатҳо ва мақсади нобудии миллатҳо ва мақсади ғулом гардонидани мардумро дорад.

Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату иттифоқ зиндагӣ дорем. Мо, ҷавонони кишвар,насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеа,сулҳу субот,ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кунем.

Шаҳзода Хоҷаназарова - донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ