Терроризм ва экстремизм – хатари глобалии ҷаҳони муосир

Солхои охир масъалаи баланд бардоштани дониш ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти бештар касб менамояд. Ба ин пеш аз ҳама инқилоби босуръати илму техника, истифодаи васеи телефонҳои мобилӣ, дастрасии шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори умум, хусусан, шабакаи ҷаҳонии интернет ба тамоми қишрҳои ҷомеа сабаб мегардад. Мутаассифона, тавассути интернет паҳншавии маводҳои гуногуни бардуруғу беасос, шубҳаноку иғвоангез, моҷароҷуёнаву манфиатбахши ин ё он гуруҳҳо низ ба назар мерасанд. Чун солҳои охир мардум ҳангоми бекорӣ бештар майл ба истифодаи интернет доранд, имконияти фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои экстремистиву террористӣ гаштанро дорад. Аз чунин вазъият истифодаи ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби Наҳзати ислом солҳои охир бештар ба назар мерасад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доштаи солҳои охир бо раванди ҷаҳонишавӣ ва хусусан пешрафти илму техника алоқамандии зич дорад, зеро ки ин воқеаҳои бузургӣ таърихӣ наметавонанд танҳо ҷиҳатҳои мусбӣ дошта бошанд. Бешубҳа, гарчанде, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника барои осон намудани шарту шароити зиндагонии инсоният пешбинӣ шуда бошанд ҳам, ашхосе, ба монанди гуруҳҳои муташаккили экстремистӣ ва террорристӣ пайдо шуданд, ки онҳоро барои анҷом додани ғаразҳои сиёсию иқтисодии худ истифода мебаранд. Ҳодисаҳое, ки дар давлатҳои шарқи наздик рўҳ дода истодаанд далели ин гуфтаҳоянд. Хусусан вақтҳои охир тавассути шабакаи Интернет ҷалб кардани одамони нав ба сафи гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ боиси нигаронист. Гуруххои ифротгаро дар тасаввуроти чавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарх дода, онхоро ба суи терроризм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Баъзе ҷавонони мо бо сабаби надоштани саводи кофӣ, машғулият ва бо нияти ба даст даровардани маблағҳои бедарди миён ба ваъдаву пешниҳодҳои аъзоёни гуруҳҳои номбаршуда фирефта гашта, ба доми онҳо меафтанд, ки ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Масъалаи ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба сафи ба ном «Давлати исломӣ», ки бисёриашон дар Руссия фаъолият мебаранд, бисёр нигаронкунанда аст. Мувофиқи маълумотҳои расонаҳои хабарӣ тақрибан 85 % - и ба ҳаракатҳои эктремистӣ ва террористӣ шомилгаштаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муҳоҷирати онҳо ба Руссия рост меояд.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати ТЭТ ҲНИ, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар – Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ аст.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.

Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъриси манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.

Ҷабборова Вазира Ҳасановна - омӯзгори кафедраиумумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ