Терроризм ва экстремизм-хатар ба ҷомеаи муосир

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ гардида, барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар тамоми қувваҳои солими худро равона менамояд. Баҳри таҳкими заминаҳои Истиқлолияти давлатӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ карда, дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён месозанд. Чунки вазъияти сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ баҳри нигоҳдошти амнияти миллӣ муташанниҷ буда, таъсири он ба кулли кишварҳои олам, аз он ҷумла ба кишвари мо истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳое мавҷуданд, ки дар умум ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, хатари минтақавию байналмилалиро ба бор меоварад ва дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад. Дар замони муосир ин падидаи манфӣ симои навро ба худ гирифта, моҳияти он шакли муташаккилу мураккаби зоҳиршавиро ба худ касб намудааст. Дар ҳама давру замон терроризм ва экстремизм чун таҳдиди хавфнок барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад. Оқибати ногувори он садҳо ҳазор мардуми осоишта ҳастанд, ки қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ мегарданд.

Cозмону ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои “Ал-Қоида”,“Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз тарафи як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардиданд. Ҳадафи аслии онҳо бо паҳн намудани фаъолияти худ тавассути анҷом додани амалу кирдори ҷиноятпеша эътибори сиёсӣ пайдо менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён меояд. Терроризм бошад, худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.

Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ба манфиати башарият ва халқҳои мусулмони дунё намебошад. Аз ин лиҳоз, ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Муҳаққиқон ҳангоми муайян кардани сабаб ва омилҳои таъсирпазири падидаҳои номатлуби ҷомеа, навъҳои мухталифи терроризм ва экстремизмро баён намуданд. Чунончӣ, терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикиро муайян намуданд. Ифротгароён бо шиорҳои динӣ баромад намуда, ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Аммо, ҳамаи ин ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона шуда, ҳеҷ робитаро ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Дар ин бора Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста чунин иброз медоранд: “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Аз ин рӯ, имрӯз ҷавонон фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то ки дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон асосгузор бошанд. Аз ин рӯ, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин амнияти ҳудудҳои давлатӣ барои ҳар як шаҳрванд арзиши муҳим дорад.

Ҷовид Назрӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ