Терроризм ва экстремизм амалҳои ғайриинсонист!

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифродгароӣ ва террористӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш аз ҷумлаи: таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифродгароӣ ба тартиботи ҷамъият хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Бесабаб нест, ки имрўз терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рў ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омўзишу олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифродгароӣ ҳанўз хатарҳо ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонанд.

Дар ҳар як паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи доғи рўз–интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстримистӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад, ки бесабаб нест.

Зеро чунонки таъкид гардид, дар шароити имрўза терроризм ва эктремизм ҳамчун падидаи номатлуб на танҳо ба амалиёти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он хеле ҷиддӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, ҳифзи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроту хатарҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ ва сулҳпарвар мебошад.

Меҳримоҳ Ватанзода – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ