​Терроризм – хатар ба амнияти ҷаҳон

Роҳбари давлат таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) падидаи номатлуб ва вабои аср эълон шуда, дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд.

Воқеан имрӯз терроризм ва экстремизм ба масоили доғи ҷомеаи муосир табдил ёфта, боиси ташвиши сокинони сайёра шудааст. Ҳамакнун ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти шаҳрвандони он хатарҳо эҷод менамоянд. Радикализм, терроризм (ифротгароӣ), экстремизм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва бадбахтона бо вуҷуди муборизаи шадид, он тавсеа меёбад.

Гузашта аз ин, хатари омезиши дину мазҳабҳо торафт ба василаи мубориза мубаддал гашта истодааст. Воқеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканем, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад.

Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳарактҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат ташкил ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби ислом амалӣ менамоянд.

Мисоли чунин аъмоли зишт ва кирдори ношоямро мо дар кору пайкори роҳбарони ТТЭ ҲНИ шоҳид гардидем. Ин гуруҳ бо истифода аз номи поки Ислом тамоми пастӣ ва зиштиҳоро амалӣ сохт, ки хиёнат ба ин сарзаминро ҳеҷ гоҳ халқи тоҷик нахоҳад бахшид.

Хушбахтона, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористиро саривақт таҳлилу баррасӣ намуда, манъ намуд. Имрӯз ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ба ҷавонон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар атрофи Пешвои маҳбуби худ муттаҳид шаванд ва барои боз ҳам ба шоистагиҳо расидани Тоҷикистони дунявӣ талош варзанд.

Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ