Терроризм дин, миллат ва ватан надорад
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд ва бад-ин васила ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад».
ТТЭ ҲНИ хизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.Таҳлили авзои нигаронкунандаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, ки дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дошт, бесабаб нест. Зеро, оқибатҳои фоҷиабори инқилобҳои ранга дар як қатор мамолики араб ба дигар давлатҳо бетаъсир набуда, теъдоди зиёди ҷавонони гумроҳро, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба доми худ кашид. Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии Афғонистон ва рушди иҷтисоди ин кишвар иқдом намоянд. Он кас қайд намуданд, ки амнияти мамлакат аз амнияти сарҳадҳо вобаста аст. Мусаллам аст, ки ҷомеа ва кишваре, ки насли наврас ва ҷавононашон аз тарбияи муттассил дар каноранд, ояндаи хуб надорад ва ҳамеша бо муноқишоту ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мебошад ва моро зарур аст, ки аз ин бешарафони бадтинат дурӣ ҷуста нагузорем, ки фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд кунанд, ба ҷомеаи орому солими мо зарар нарасонанд.
Терроризм ва экстремизм душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад. Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд.
Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Малика Томирис