Террористон бояд нобуд шаванд!
Терроризм падидаи нав дар ҷомеа набуда нафарони муғризи иғвогартамоми давраҳои ташаккули ҷомеаимутамаддин баҳри расидан ба ниятҳои нопоки худ баъзе афродро бо ғояҳои гуногуни ифротӣ, маблағу чиз, фишору зӯроварӣ ба сӯйи худ мекашанду ононро чун ғуломи мутеъ истифода мебурданд. Мутаасифона, муборизаи беамон бар зидди террористон, ки алҳол тобиши байналмиллалӣ пайдо кардаанд, раванди пурмашаққат ва тӯлонӣ мебошад. Дар ин ҷода ҷомеаро мебояд дастаҷамъона ва бо ҳушёриву зиракӣ фаъол бошаду бо террористон оштинопазириро пеша намояд.
Гурӯҳи террористони зархариди хориҷӣ, ки ба амали ғайриқонунии мусаллаҳшавӣ, бастани роҳи байналмилалии Душанбе – Қулма, дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст задаанд, тӯдаи нобакорони палид мебошанд, ки мақсади нопокашон халалдору муташшаниҷ сохтани вазъи сиёсӣ – иҷтимоии минтақаи Бадахшон асту бас. Тақрибан 200 нафар ҳаромзодаҳо бо тарҳрезию маблағгузории созмонҳои байналмилалии террористӣ мехоҳанд оромиву осудагӣ, ҳаёти бомароми осоиштаи мардум вайрон кунанду режими зӯроварии худро ҷорӣ намоянд.
Хушбахтона мақомоти давлатӣ дар кишвари зебоманзарамон пойдор асту бар зидди он тӯдаи террористон амалиёти махсус роҳандозӣ карда шуда зиёда аз 70 нафар асир, 25 нафар захмӣ ва 10 нафар террористон кушта шуданд. Мардуми кишвар дар ин рӯзҳои пуртаҳлука сарҷамъу ваҳдатона амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷонибдорӣ ва палидони террористро қотеъёна маҳкум намуда истодаанд. Ба натиҷаи муваффақонаи амалиёти зиддитеррористӣ итминони комил дорем, ки бо тезӣ ба даст меояд.
Аз мардуми кишвар хоҳиш мекардам, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар ҷодаи муқобилият бо терроризми ифротгароӣ сарҷамъ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд. Ҳангоми бохабар гаштан аз баъзе ҳаракату падидаҳои номатлуб дар маҳалҳо бо мақомотҳои давлатӣ ҳамкориро ба роҳ монданд. Бо ваҳдату якдилӣ фазои орому осоиштаи Ватанро пойдор нигоҳ дорему бар душманони дохиливу хориҷӣ ҷазои сазовор бар амалашон диҳем. Нобакорони палиди муғризи хориҷиёнро нагузорем, ки майнаи ҷавонони саодатманди кишварро бо ғояҳои ифротӣ олуда созанду дар мақсадҳои нопокашон истифода баранд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”