Теорризм ва экстремизм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Сарвари давлат дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламҳумуле гардидааст, ки ба мукобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдмгар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқсохтан зарур аст”.

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он “Терроризми байналмиллалӣ”мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯровари, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлати ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конситутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколиятҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ, дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ, дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Кайд кардан зарур аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақаи тамомиҷаҳон аз чумла ба амнияти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ ҳама бояд мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар динсиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати садрони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст:

“Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи чаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳавулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаи гуногуни ҳаёт қарор дорад”.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, беқарорӣ,гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣбеш аз ҳарвакта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода барои гул-гул шукуфии Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ расем. Ин неъматҳои беназирро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Гуруҳҳои бадхоҳ, душманони миллати мо дар дохили кишвар ва берун аз он талош доранд, то ҷомеаи ороми моро ноором созанд. Нагузорем, ки ягон нафар ба тинҷиву ороми ва сулҳу суботи кишвар халал расонад. Аз ин рӯ ҳама бояд аз як гиребон сар барорад ва барои ободиии кишвар саҳмгузор бошад.

Гурдофариди Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ