​Технологияҳои иттилоотӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти рақамӣ

Таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 90-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.

Нахуст, иштирокдорон дар даромадгоҳи толори раёсат аз дастовардҳои устодон ва донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, профессор Хайрулло Сабурӣ меҳмононро хайрамақдам намуда, ба кориконференсия ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди иқтисодиёти рақамӣ калидӣ мебошад. Дар ин самт дар донишгоҳ корҳои назаррас ба анҷом расида, лоиҳаи донишгоҳи рақамӣ бо ҷалби як қатор устодони донишгоҳ тадбиқи худро ёфта истодааст. Қайд гардид, ки дар донишгоҳ зиёда аз 26000 донишҷӯён мунтазам аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ 2 лаборатория таълимӣ, 1 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва 8 синфхонаҳои компютерӣ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз карда шуда ҳамарӯза устодон ва донишҷӯёни факултет аз он фаровон истифода мебаранд. Донишҷӯёни факултет солҳои охир дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмуни вилоятии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта истодаанд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ, д.и.и., профессори кафедраи идоракунии иқтсодиёт ва маркетинги донишгоҳ Абдураҳмон Қодиров дар мавзуи “Нақши рақамигардонӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ” баромад намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст. Сипас, н.и.ф-м., дотсент, декани факултети математика Дилшод Музафаров дар мавзуи “Муаммоҳои таълими барномарезӣ”, дотсент, мудири кафедраи системаҳои бисёршабакаии телекоммуникатсионии Умедҷон Сайдуллоев дар мавзуи “Рушди шабакаҳои муосири телекоммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода дар мавзуи “Таълими ҳушманд ва методу усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ” маърӯза намуданд.

Дар бахшҳо зиёда аз 80 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба масъалаҳои тадбиқи усулҳо ва воситаҳои муосири таълим дар омӯзиши фанҳои равияи барномарезӣ, системаҳои идоракунии амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои муайян намудани таъминоти он, нақши технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ, саҳми технологияҳои иттилоотӣ дар ҳалли масъалаҳои рақамикунонии раванди идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ: хусусиятҳо ва мушкилот мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ