​Технологияи тайёр намудани таоми миллӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ бо ташаббуси кафедраи технология ва методикаи таълими он дарси кушоди кафедравӣ аз фанни “Рӯзғордорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока” дарси кушод гузаронида шуд. Дарс ба мавзӯи “Технологияи тайёр намудани таоми “Оши палов” бахшида шуд.

Дар дарс декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедра ва устодон иштирок намуданд.

Омӯзгор мавзуъро ба донишҷӯён шарҳ дода, доир ба технологияи тайёр намудани таоми миллӣ дар мисоли оши палов маълумот дод.

Ҳамзамон, дар доираи дарс аз воситаҳои муосири таълим истифода бурда шуда, мавзуъ тариқи муаррифинома низ фаҳмонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ