​Тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика маҳфили илмию амалии навбатӣ таҳти унвони “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ

дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён ва эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон баргузор гардид.

Ба кори маҳфил мудири кафедра, дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида, аз мақсади ташкил кардани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.

Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ ширкат варзиданд. Сипас, байни донишҷӯён озмун аз рўи 3 шарт, истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика, кор бо филворд ва дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ бо иштироки ҳайати комиссия ҷараён гирифт, ки донишҷўён бо лаёқати баланд шартҳо иҷро намуданд. Ҳайати комиссия барои шаффоф гузаштани маҳфил баъди иҷрои ҳар як бахш ба иштирокчиён баҳогузорӣ менамуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия ҷойи якум сазовори донишҷўи факултети забонҳои шарқ Камолова Оишахон, ҷойи дуюм Орипова Марям ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Фозилов Шарифҷон гардид.

Ба ғолибони маҳфил ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳро тақдим нгардид.

Гуфта шуд, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши фанҳои дақиқ минбаъд низ бо донишҷӯёни дигар факултетҳои донишгоҳ маҳфили мазкур роҳандозӣ карда мешавад.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ