​Таваҷҷуҳ ба пешрафти донишҷӯён

Бо мақсади мусоидат ба пешрафти донишҷӯён ва ислоҳи камбудиҳо дар факултети математика маҷлиси падару модарон гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус барои донишҷӯёни гуруҳи 101 “б” ба роҳ монда шуда, дар доираи он масъалаҳои баланд бароштани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба донишомӯзӣ, риояи қоидаҳои таҳсил дар донишгоҳ, таъмини давомот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ба волидони донишҷӯён низомномаи дохилии донишгоҳ ва дастурамали либосҳои тавсиявӣ шарҳ дода шуд.

Аз волидони донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи давомот, интизом ва пешрафти фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ