​Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Перомуни ин мавзуъ имрӯз дар як қатор факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ доир гардид. Гуфта шуд, ки ин иқдом дар доираи ҳафтаи худидоракунӣ ба роҳ монда шуд.

Дар доираи хониши сиёсӣ донишҷӯён перомуни масоили вобаста ба нақши ҷавонон дар бунёди ҷомеаи демократӣ, саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, ташаббусҳои мақомоти олии давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории ҷавонон маърӯзаҳо ироа доштанд.

Таъкид гардид, ки масъалаи таъмини шароити арзандаву мусоиди таҳсилу зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт ибтикороти муҳиму судманд роҳандозӣ мешавад.

Иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ, ки аз ҳисоби донишҷӯён дар вазифаҳои роҳбарикунандаи раёсати донишгоҳ фаъолият доранд, дар кори хониши сиёсӣ ширкат намуда, оид ба мавзӯи меҳварӣ ибрози назар ва табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳ хониши сиёсӣ ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе доир мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ