​Татбиқи донишҳои назариявӣ

12 нафар донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ба гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.

Ба таҷрибаомӯзон мушовир, педагог ва психолог вобаста шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, дарсҳои худро дар асоси таълими салоҳиятнокӣ ба роҳ монда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз ба дарс ворид шудан ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои методии мушовир манзур мешавад.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон мунтазам бо таҷрибаомӯзон мулоқот анҷом дода шуда, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки имсол тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7, 19, гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ