​Татбиқи дониши назариявӣ дар амал

Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисоси хитоӣ-англисӣ низ оғоз шуд. Мудири кафедра Қосимова Марҳабо доир ба раванди таҷрибаомӯзӣ сухан намуда, донишҷӯёнро бо нақшаи таълимӣ шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони хитоӣ” дар Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”, коргоҳи маъдании шаҳри Истиқлол, заводи сементбарории Консой - “Хуаксин” , ҶДММ “Зарафшон”- и деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ, “Суғдиён” –и шаҳри Панҷакент ва Фурудгоҳи шаҳри Бӯстон ҷараён хоҳад гирифт.

Рӯзи якуми таҷрибаомӯзӣ мувофиқи нақша донишҷӯён ҳамроҳи устодон аз Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон дидан намуда, бо директори он Рен Ген Тян суҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, ки донишҷӯён тибқи нақшаи таълимӣ то санаи 28 феврали соли 2022 таҷриба хоҳанд андӯхт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ