​Ташвиқу тарғиб дар ноҳияи Зафаробод

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2023-2024 устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод сафарбар гаштанд.

Пеш аз оғози сафари корӣ барои муташаккилона ва бо сифати баланд гузаронидани вохўрию суҳбатҳо дар ҳамдастӣ бо аъзоёни гурўҳи корӣ мундариҷаи масъалаҳои баррасишаванда мураттаб карда шуд. Дар ин бора аз факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус иттилоъ доданд.

Зикр шуд,, ки бо теъдоди зиёд баровардани нашрияи “Нури маърифат” бисёр саривақтӣ буда, сараввал ба ҳамаи хатмкунандагони ноҳия газета расонида шуд ва баъдан аксари онҳо аз ин мавод якбора ихтисосу факултетҳои худро интихоб намуданд.

Зимни мулоқот зикри ин нуқта рафт, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳм мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ