​Ташрифи устодону донишҷӯён ба қисми низомии 3501

Имрӯз, 9 феврали соли 2023 бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Борбоҷон Ғафуров бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯён ба қисми низомии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз шароиту имкониятҳо ва техникаҳои ҳарбии он дидан намуданд.

Роҳбарият устодону донишҷӯёнро, барои дидан намудан аз шароити қисми низомӣ, ҷойи хобу хурокхӯрӣ ва омодабоши аскарону афсарон, инчунин тарзи истифодабарии яроқи калашников ва дигар лавозимотҳои вазнини ҷангии қисми низоми шиносои пайдо карданд.

Чорабиниро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ҳусни оғоз бахшида, кулли иштирокдоронро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ зодаи даврони Истиқлол буда, ҳар сол ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани ин соҳаи муҳим, аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида мешавад.

Баъди ҷамъбасти қисми тантанавӣ як қатор афсарону сарбозони қисми низомии мазкур бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби устодони факаултети санъат барномаи фарҳангӣ омода гардида, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ