​Ташрифи ректори донишгоҳ ба факултети таҳсилоти ғоибона

Субҳи имрӯз ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, аз имконият ва шароитҳои мавҷудаи он дидан намуд.

Дар ин сафар ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ва мушовири ректор дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев ҳамроҳӣ намуданд.

Ба роҳбари донишгоҳ иттилоъдода шуд, ки феъландар факултет ду кафедра амал намуда, аз рӯйиихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳоиўзбекӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, технология, тарбияи ҷисмонӣ мутахассис омода карда мешавад.

Дар зимн ректори донишгоҳ аз шароити ауидоторияҳо дидан намуд. Гуфта шуд, ки синфхонаҳои факултети таҳсилоти фосилавӣ бо 8 адад тахтаи электронӣ, 10 адад проектор, 30 адад компютери фардӣ ҷиҳозонида шуда, ба беҳдошти сифати таълим мусоидат мекунанд.

Сарвари донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба устодон дастур дод, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълим дар машғулиятҳо аз имконоти мавҷуда фаровон истифода намуда, аёниятҳои техникии ҳозиразамонроба таври васеъ мавриди корбаст қарор диҳанд. Зеро талаботи имрӯзадар таълим инҳамқадами замони муосир буданаст, - таъкид дошт роҳбари донишгоҳ.

Дар интиҳо устодони факултети мазкур баромад намуда, зикр доштанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ