Ташрифи котиби сеюми Сафорати Ҷопон ба донишгоҳ

Дирӯз котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ҷаноби Кейта Хорӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов му3лоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ташрифи меҳмони олиқадро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Гуфта шуд, ки чунин мулоқотҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷопон мусоидат менамоянд. Мавсуф ҳамчунин, татбиқи барномаи бурсиявии MEXT-и Ҷопонро дар донишгоҳ, як иқдоми созандаву судманд баҳри рушди ин ниҳоди таълимӣ арзёбӣ намуд.

Ҷаноби Кейта Хорӣ дар суханронияш, оид ба бурсиявии MEXT, ки маблағгузориашро Ҷопоп ба зимма дорад ва дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доранд, маълумот дод. Ҳамчунин номбурда мақсад ва ҷараёни татбиқи лоиҳаро дар донишгоҳ арзёбӣ намуда, аз нуктаҳои муфиди ин лоиҳа дар оянда ибрози андеша намуд.

Зимни мулоқот барномаи бурсиявии MEXT-и Ҷопон ба донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ муаррифӣ гардид, ки тибқи ин барнома донишҷӯён метавонанд бо омӯзиш ва донистани хуби забони англисӣ дар Ҷопон таҳсилашонро идома диҳанд.

Ҳамчунин, дар идомаи ин ташрифҶаноби Кейта Хорӣ - котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар толори раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёну устодон мулоқт намуд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки яке аз муҳимтарин шарикони рушди Тоҷикистон Ҷопон ба шумор рафта, ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои мухталиф, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба роҳ монда шудаанд. Гуфта шуд, ки то кунун беш аз 2250 мутахассис аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Ҷопон таҳсил карданд. Аз соли 2009 ин ҷониб лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Ҷопон (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва менеҷмент саҳми арзанда гузошта истодааст.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафров сол то сол муносибатҳои илмиву таълимии худро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии мамолики хориҷии дуру наздик густариш дода, феълан бо 90 муассисаи олии бонуфузи хориҷӣ равобити ҳамкорӣ дорад.

Дар фарҷом донишҷӯён ба намояндаи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ҷаноби Кейта Хорӣ суолҳо пешниҳод намуда ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Мулоқоти имрӯза бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои илмӣ ва адабӣ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ҷопон муфид арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ