Ташрифи донишҷӯён ба Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров

Донишҷӯёни бахши якуми кафедраи грамматикаи забони арабӣ факултети забонҳои шарқ таҳти роҳбарии роҳбарони гурӯҳ ба сайёҳии дохилӣ, яъне азОсорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, дидан намуданд.

Донишҷӯён зимни боздид ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.

Ҳадафи ташриф ба осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров ин шинос намудани донишҷӯён бо таърихи қадимаи тоҷикон ва ёдбуди академик БобоҷонҒафуров,хизматҳои шоиста ва мондаги ин шахсияти бузург барои миллат маънидод шуд. Иқдоми мазкур ҳисси худшиносиву худогоҳии ва ватандӯстиро дар қалби ҷавонон бедор месозад.

Кафедра мазкур тасмим гирифтааст ки барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, эҳтироми мероси аҷдодӣ ва завқи зебоипарастӣ донишҷӯёнро ба дигар мавзеъҳои таърихӣ низ сафарбар намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ