​Ташкили озмун-викторина дар факултети математика

Дар факултети математитка ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҳамчунин бахшида ба Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 ва Рӯзи илми тоҷик конференсияву мизҳои гирд ва виктаринаҳои ташкилу баргузор гардида истодааст. Дар робита ба ин дар кафедраи алгебра ва геометрия озмун-викторина бо таҳти унвони «Кӣ беҳтарин» баргузор гардид.

Озмун-викторина дар асоси 8 шарт, аз ҷумла муаррифии гурӯҳҳо, саволномаи сиёсӣ, ҳалли мисол ва масъалаҳо (тариқи вариант),бозӣ бо меҳмонон,ҳалли мисол ва масъалаҳо дар тахтаи синф, пур кардани сканвори математикӣ, саволномаи мантиқӣ, мантиқ дар чист? Баргузор карда шуд.

Дар Озмун-викторинаи мазкур донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм иштирок карда, байни ҳам рақобат намуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия ҷойи якум сазовори дастаи В. Аҳруллоев (курси сеюм), ҷойи дуюм – дастаи М. Дадоҷонова (курси дуюм), мақоми сеюм – дастаи А. Мӯҳсинов (курси якум) ва зинаи чорумро дастаи М. Мирзоахмедов (курси якум Б) соҳиб гардиданд.

Дар асоси шарти озмун-викторина дар байни иштироккунандагон, донишҷӯи беҳтарин, насиби донишҷӯи курси дуюм ихтисоси математика Шоҳзода Темирова гардид.

Гуфта шуд, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши фанҳои дақиқ минбаъд низ чунин ташаббусҳо бо донишҷӯёни факултети математика ва дигар факултетҳои Донишгоҳ роҳандозӣ карда мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ҷамъбаст ба ғолибон ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет тақдим карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ