Ташкили дарсҳои кушоди намунавӣ дар донишгоҳ

Беҳдошти сифати аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин моҳи декабри соли ҷорӣ силсилаи дарсҳои кушоди устодон баргузор гардид.

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ аз тарафи дотсент Мунира Ҳомидова дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Роҳ ва тарзи таҳияи кори курсӣ” гузаронида шуд. Муаллим амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзӯи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти таҳияи кори курсӣ ба донишҷӯён фаҳмонда шуд.

Ҳамчунин дар факултети мазкур аз тарафи сармуаллим Дилрабо Муминова дар мавзӯи “Саёҳат” бо иштироки намояндагони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ дарси кушод баргузор гардид.

Устод ба дарс бо омодагии хуб ворид гардида, бо истифода аз аёниятҳо ва таҷҳизоти муосири таълим мазмун ва мундариҷаи дарсро кушода дод.

Бояд гуфт, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани дарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуда, машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Дарс бо риояи талаботҳо шавқовару пурмазмун ва аз ҷиҳати таълимӣ - методӣ хуб ташкил карда шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ