​Таъсиси шўрои нави диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2022, таҳти №88/ш.д. дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Шўрои диссертатсионӣ аз рўи ихтисосҳои 6D060700-Биология, 6D060701-Ботаника, 6D060704-Зоология таъсис ёфт, ки падидаи хуби илмӣ ба шумор меравад.

Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ аз ҷониби ҳукумати мамалакат ба рушди илмҳои табиию риёзӣ, аз ҷумла тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Таъсиси Шўро мазкур дар донишгоҳ мутахассисонро ба он водор мекунад, ки сари вақт рисолаҳои илмии хешро ба дифоъ расонанд. Айни ҳол ҳайати Шўрои диссертатсионӣ аз 11 нафар иборат мебошад. Ба ҳайси раиси Шўро олими шинохтаи тоҷик доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Толибҷон Қодирович таъйин гардиданд. Муовини раиси Шўро олими шинохтаи Ҷумҳурии Ўзбекистон доктори илмҳои биологӣ, профессор, академик Тожибоев Комилжон Шаробиддинович ва котиби илмии Шўро номзади илмҳои биологӣ Тоҷибоева Дилбар Эргашовна мебошанд. Олимони намоён - докторҳои илмҳои биологӣ Бобоев Мариё Тиллоевич, Каримов Саид Бобоевич, Мирзобаҳодурова Шаҳноза Раҳмоновна, Мирзораҳимов Акобир Каримович, Наврўзшоев Довудшо, Холматов Бахтиёр Рустамович аз Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчун аъзои Шўро муқаррар гардидаанд.

Қобили қайд аст, ки таъсиси Шўрои диссертатсионӣ аз рўи ихтисоси биология дар таърихи 90-солаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аввалин маротиба мебошад. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси биологҳои донишгоҳ соли 1998 бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи конференсияи байналмиллалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки ин ташаббус то имрўз идома ёфта истодаанд.

Ғайр аз ин, соли 2016 маҷаллаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» «Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ» аз қайди Комиссияи олиии аттестатсионии Федератсия Русия гузашт. Ин имкониятҳои нав барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони соҳибунвон шароити мусоид фароҳам овард.

Таъсиси Шўрои нав боз як иқдоми наҷиб буда, туҳфаи арзандаи устодону мутахассисони соҳаҳои биология, ботаника, зоология ба 90-солагии донишгоҳ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ