​Таъсиси Шӯрои муштараки диссертатсионӣ

Бо фармоиши Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия №1182/нк аз 1.06.2023 Шўрои муштараки њимояи рисолањои докторї ва номзадї дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъсис ёфт.

Шӯрои мазкур аз рӯи самти педагогӣ бо рамзи 99.0.119.03 таъсис дода шуда, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессорон Исломов Озод (муовини раис), Сабурӣ Хайрулло, Шаропов Шавкат ва Азизов Абдулатиф ба сифати аъзо пазируфта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки унвонҷӯён минбаъд метавонанд рисолаҳои илмии (номзадӣ ва докторӣ) худро аз рӯи ихтисоси 5.8.7. – Методология ва технологияи таълими касбӣ (илмҳои педагогӣ) ба дифоъ расонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ