​Тасдиқи унвони илмии номзади илм

Ба устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Собитов Мазбут Шавкатович тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2022, №2 унвони дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ дода шуд. Дар ин бора фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Собитов Мазбут дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 6D010200 -Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ дар мавзӯи “Омодагии омӯзгорони оянда ба истифодаи воситаҳои мултимедиавии таълим дар низоми таҳсилоти кредитии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи илмии худро дифоъ намуда буд.

Ҳамакнун тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон унвони илмии Собитов Мазбут тасдиқ гардид.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Мазбут Собитовро ҷиҳати тасдиқи унвони илмӣ ва сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ табрик гуфта, барояшон барору пирӯзӣ ва дар идомаи фаъолияти илмӣ музаффариятҳои тоза таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ