​Тасдиқи дараҷаи илмӣ муборак!

Ба устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Гулорохон Тураева тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ дода шуд. Дар ин бора фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Гулорохон Тураева дар мавзуи "Туғроии Исфаҳонӣ ва нақши ӯ дар ташаккули адабиёти арабизабони форсу тоҷики қарнҳои XI-XII" аз рӯйи ихтисоси 10.02.14 - Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ рисолаи илмии худро дифоъ намуда буд.

Ҳамакнун тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дараҷаи илмии Гулорохон Тураева тасдиқ гардид.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Гулорохон Тураеваро ҷиҳати сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ табрик гуфта, барояшон барору пирӯзӣ ва дар идомаи фаъолияти илмӣ музаффариятҳои тоза таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ