​Ташаккули салоҳиятнокии касбии омӯзгорони макотиби олӣ

Чунин унвон дошт машварати илӣ-методӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Институти илмӣ-тадқиқотии педагогӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогӣ баргузор гардид.

Дар кори машварат як гуруҳ дотсентон иштирок намуда, маърӯзаҳо ироа намуданд.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳлиллоев машваратро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки муносибат ва арзишҳои низоми салоҳиятнокӣ дар донишҷӯёну унвонҷӯён зарурати ташаккули намудҳои гуногуни салоҳиятҳо, аз ҷумла мустақилона ба даст овардани иттилооти нав, муайян намудани сохтори он барои ҳалли мақсадҳои мушаххас, пешниҳоди фарзияҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ ва иҷтимоӣ мустақилона таҳия намудани хулосаҳоро таъмин мекунад.

Дар мавзуи “Ташаккули салоҳиятнокии омӯзгорони оянда дар низоми таҳсилоти кредитӣ ” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Абдуаҳадмаърӯза намуданд.

Қайд шуд, ки салоҳияти тадқиқотӣ ҷузъи муҳими тайёрии касбии мутахассиси оянда буда, ба ибораи дигар, дар ташаккули салоҳияти касбӣ мавқеи калидӣ дорад. Омӯзгори оянда дорои дониш, малака ва маҳорати таҳқиқотӣ, тафаккури фаъолона ва мустақилона, эҷодкорона ҳалли масъалаҳои гуногун дошта метавонад, раванди таълимро дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир ташкил намояд.

Баъдан иштирокдорон мубодилаи афкор намуда, андешаҳои хешро оиди мавзуи мазкур баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ