​Ташаккули шахсияти хонандагон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ дар мавзӯи “Ҳамкории мактаб ва оила дар ташаккули шахсияти хонандагон” маҳфили илмӣ баргузор гардид

Мудири кафедра дотсент Бойматов Сайфулло маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро шарҳ дод.

Перомуни мавзӯи “Нақш ва мақоми оила ва мактаб дар ташаккули шахс” аз ҷониби муаллима Сидиқова Парвина маърӯза шунида шуд.

Ҳамзамон, дар доираи маҳфил як қатор донишҷӯёни факултети математика баромад намуданд.

Бо мубоҳисаи илмӣ – методӣ миёни устодон ва донишҷӯён маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ