​Ташаккули маҳорати эҷодкорӣ ва таълимии омӯзгорони оянда

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов конференсияи таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни курсҳои5 – уми ҳамаи ихтисосҳо баргузор гардид. Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев зимни суханронӣ таъкид дошт, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омӯзгорӣ устувор мешавад.

Оид ба тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфӣ дотсент Неъматова Муқаддас ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мудири кафедраи педагогӣ ва табиӣ-риёзӣ, сармуаллим Мамадҷонов Самеъҷон фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи таҷрибаи омӯзгорӣ ва сафарбар намудани донишҷӯёни курсҳои панҷуми факултети таҳсилоти ғоибона ба мактабҳои таҳсилоти миёна ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ