​Ташаккули қобилияти эҷодӣ ва маҳорати касбии дониишҷӯён

Дар кафедраи технология ва методикаи таълими он семинари таълимӣ-методӣ доир гардид.

Дар доираи семинар мавзуи “Ташаккули қобилияти эҷодӣ ва маҳорати касбии дониишҷӯёни дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ дар раванди таълим” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Номзади илмҳои педагогӣ Таирова перомуни мавзуи мавриди назар маърӯза ироа намуда, доир ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ташаккули шахсият, омода намуданимутахассисони варзидаи ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ибрози назар намуд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён семинар ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ