​Ташаббусҳои судманд

Ин ҳафта дар баробари дигар факултетҳои донишгоҳ масъулини факултетҳои математика, забонҳои хориҷӣ, физикаю техника, психология ва таҳсилоти томактабӣ низ ташаббусҳои судманд зоҳир намуда, чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ карданд.

Аз ҷумла, дар факултети математика озмуни «Созишҳои геометрӣ» ва таҳти унвони “Ҳаёт бидуни коррупсия” мизи мудаввар бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бошад, аз фанниАсосҳои дефектология ва логопедия дар мавзӯи “Сабабҳои ақибмонии хонандагон” дарси кушод гузаронида шуд.

Аз ҷониби донишҷӯёни факултети физикаю техника дар доираи таҷрибаомӯзии таълимӣ иштирок дар дарси омӯзгорон сурат гирифта, таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Дар маҷмуъ, чунин ташаббусҳо имкон фароҳам оварданд, ки фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардида, раванди фаъолияти факултетҳо таҳким ёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ