​Ташаббусҳо ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ

Ба кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ директори Институти Конфутсий назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷаноби Рен Гентян ва ноиб директор оид ба таълим профессор Ма Чэ ташриф оварданд.

Дар доираи ин ташаббус дар назди кафедра ҷаласа ташкил гардид, ки дар кори он декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, достент Қосимова Марҳабо ва муаллимони забони чинӣ Янг Десия, Ши Гуаюе ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷоннок намудани корбарӣ дар самти омӯзиши забони чинӣ унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар Институти Конфутсий машғулият тренингҳои тарзи дурусти омӯзонидани забони чинӣ гузаронида мешавад, ки таҷриба ва санҷиши он дар дарси омӯзгорони дарсдиҳанда таҳлил хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ