​Ташаббусҳо ба муносибати Наврӯз

Дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мулоқот доир гардид.

Сармуаллимаи кафедра Ӯлмасова доир ба таърихи пайдоиши Наврӯз, расму русум ва оинҳои аҷдодӣ дар арафаи ин ҷашн ба донишҷӯён маълумот дод.

Гуфта шуд, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии Наврӯз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

“Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд”- таъкид гардид зимни мулоқот.

Маврид ба зикр аст, ки дар идомаи ин ташаббус ҷиҳати таҷлил аз Наврӯзи байналмилал, инчунин дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ низ чорабинӣ баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Донишҷӯён доир ба муҳтавои асар ибрози назар намуда, аз нақшу аҳамияти мутолиа ва омӯзиши он таъкид карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ