​Ташаббуси наҷиб дар арафаи Соли нав

Кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ ба муносибати Соли нав иқдоми хуберо ба роҳ монда, ҳамроҳ бо донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология аз хонаи кӯдакони бепарасторони шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Ин ташаббус аз ҷониби муаллимикафедра Ахмедова Манижахон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он татбиқи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби амалҳои наҷиб унвон мешавад.

Дар доираи ин ташаббус ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён манзур карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ