​Тарзи дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо ташаббуси иштирокчии ҳафтаи худидоракунӣ ҷамъомад ташкил шуд. Дар доираи ин иқдом Масудов Фараҳманд - иштирокчии ҳафтаи худидоракунӣ бо донишҷӯёни курси дуюм суҳбат намуда, перомуни мавзуъҳои "Тарзи дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ'' ва "Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб'' маърӯза намуд.

Номбурда перомуни мавзуъҳои болозикр ибрози назар намуда, донишҷӯён – ҳамсолони худро ба зиракии сиёсӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, миёни донишҷӯён суолу ҷавоб анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ