​Тарзи ҳаёти солим чун масъалаи биологию иҷтимоӣ

Таҳти ин унвон бахшида ба “Ҳафтаи илм” бо ташаббуси кафедраи тиббӣ-биологии факултети биология ва химия чорабинии илмӣ баргузор гардид.

Мудири кафедра Мақсадой Обидова ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки саломатӣ асоси некӯаҳволии ҷомеа маҳсуб меёбад. Тарзи ҳаёти солим барномаи фаъолияти ҳаётии ҷомеаи инсонист, ки барои беҳтаркардану маҳфуз доштани саломатӣ тавассути истеъмоли дурусти ғизо, омодагии ҷисмонӣ ва солимияти рӯҳӣ, рӯ тофтан аз одатҳои зиёновар ба даст меояд.

Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст.

Баъдан, Мавлудахон Аҳророва - сармуаллимаи кафедраи тиббӣ-биологӣ атрофи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Қайд гардид, ки саломатӣ тавассути истеъмоли дурусти ғизо, омодагии ҷисмонӣ ва солимияти рӯҳӣ, рӯ тофтан аз одатҳои зиёновар ба даст меояд. Тарзи солими ҳаёти ҳар инсони алоҳида бо ҳадафи пешгирии бемориҳо ва таҳкими саломатии ҳамагон ва солимияти тамоми ҷомеа аст.

Дар идома духтури бемориҳои сирояти А.Қодиров баромад намуда, тарзи ҳаёти солимро яке аз дастовардҳои беназири инсоният унвон намуд. Гуфта шуд, ки тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест. Мавсуф ба иштирокчиён риояи меъёрҳои тарзи ҳаёти солимро шарҳу тавзеҳ дод.

Ҳамчунин дар интиҳо миёни донишҷӯён перомуни мавзуи баррасишуда мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ