​Таҷрибаомӯзии педагогӣ

Як гуруҳ донишҷӯёни ихтисоси математикаи амалии факултети математика таҳти роҳбарии методисти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ, сармуаллим Алимухамедов Муродҷон дар МТМУ №11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзии педагогӣ доранд.

Таҷрибаомӯзон дар доираи таҷрибаи педагогӣ бо соатҳои дарсӣ ва роҳбарии синфӣ таъмин ва вобаста шуда, ҳуҷҷатҳои таҷрбаомӯзиро дар вақташ ба тартиб оварда истодаанд.

Дар ҷараёни гузаронидани дарсҳо аз айёниятҳои таълимӣ ва методӣ, аз усулҳои гуногуни интерактивиюиттилоотӣистифода бурда, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба дарс кӯшишҳо анҷом ёфта истодааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ