​Таҷрибаомӯзии педагогӣ – заминаи мусоид ба омӯзгорони оянда

Таҷрибаомӯзони курси сеюми факултети математика, ихтисоси математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ рақами 31 - и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии устодон бомуваффақият таҷрибаи педагогӣ андӯхта истодаанд. Дар раванди таҷрибаи педагогӣ донишҷӯён дар баробари дарс гузаштан аз фанҳои ихтисосӣ вазифаи роҳбари синфиро низ иҷро менамоянд. Таҷрибаомӯзон дарсҳои соатҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои тарбиявию ахлоқӣ бо ҳуввияти баланди миллӣ дар сатҳи хуб ташкил ва баргузор менамоянд.

Қадамҳои устуворонаи таҷрибаомӯзони факултети математика роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшони таълиму тарбияи насли навраси ҷомеа ва соҳиб шудан ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мебошад.

Таҷрибаомӯзони ҷавон бо як меҳру муҳаббати хоса ва самимияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас фаро гирифта шуда, аз касби интихобкардаи худ ифтихор доранд. Дар ин роҳи муқаддасу пурмашаққат ба донишҷӯён маҳз бо роҳбарии декани факултети математика дотсент Дилшод Музаффаров устодону олимони варзидаи факултет роҳбарӣ ва роҳнамоӣ менамоянд.

Дар ин росто, албатта бо пайравии дастуру маслиҳатҳои педагогӣ ва ҳидоятҳои судманди ин устодони асили донишгоҳ таҷрибаомузон пайваста донишҳои назариявии хешро дар амал тадбиқ намуда, дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии хеш гомҳои устуворона мениҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ