​Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар марказҳои ташхисӣ-табобатӣ

Донишҷўёни курси сеюм ва чоруми шӯъбаи рӯзона, ихтисоси кори тиббӣ – биологии факултет биология ва химия барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ба маркази ташхисӣ-табобатии Сино-5, шӯъбаи Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ҶДММ “Насли солим”, Маркази саратоншиносии вилоят, беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ба номи Ӯрунов С.Ӯ.,МНДС – и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Дента”,МНДС – и вилояти Суғд сафарбар гардиданд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии духтурон – таҳлилгарон ва мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён маълумотҳои назариявии дар давоми сол гирифтаи худро дар амалия татбиқ намуда, бо таҷҳизотҳои тиббӣ, қоидаҳои истифодабарии онҳо, рафти кории муайян намудани компонентҳои таҳқиқшаванда дар таркиби маводи таҳлилӣ шинос мешаванд. Мақсади асосии фиристондани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ин шинос намудани донишҷӯён бо рафти кори таҳлилгоҳӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос маънидод мешавад.

Маркази иттилоот ва талил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ