​Таҷрибаомӯзӣ – замина ҷиҳати таҳкими дониш

Аз санаи 20 июн то 4 июли соли 2022 таҷрибаомӯзии гурӯҳҳои курси 2 ихтисоси забонҳои хитойӣ-анлисӣ ва форсӣ-англисӣ, ки ба кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ муатааллиқ мебошанд, давом хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии гурӯҳҳои хитойӣ-англисӣ дар ҶДММ “Ширкати саноати кӯҳии ТБЕА” Душанбе дар минтақаи шарқии Дуоба ва Кумарги болои ноҳияи Айнӣ, Роҳи оҳан, Қасри Арбоб, корхонаи истеҳсолии “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент”, ҶДММ КМ “Зарафшон” Суғдиён шаҳри Панҷакент, Беморхонаи Тибби Чини қадим гузаронида мешавад.

Инчунин, таҷрибаомӯзии гурӯҳҳои форсӣ-англисӣ дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, муассисаи давлатии китобхонаи дастхатҳои Саидумар Султонов “Кавкабӣ” дар шаҳри Истаравшан, мавзеи ҳафриёти бостоншиносии “Қалъаи шаҳристони қадим”, мавзеи кӯли “Лангари моҳиён”, хона-музейи “Муҳиддин Аминзода”, хона-музейи “Содирхон Ҳофиз”, хона-музейи “Мирзо Турсунзода” ҷараён дорад.

Марҳабо Қосимова, мудири кафедраи форсӣ-хитойӣ зимни ҷаласа ба донишҷӯён дар бораи талабот ва тартиботи таҷрибаомӯзӣ маълумот дода, ҳадаф ва масъулияти онҳоро давоми таҷрибаомӯзӣ шарҳ дод.

Таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзӣ ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки донишҷӯён маҳорати худро сайқал ва ҳамчун мутахассисони ҳирфаӣ тарбия ёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ