​Таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани омӯзгорони тахассусманд ба шумор меравад. Дар ин замина тибқи нақшаи таълим муҳассилини курси 5-уми факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз санаи 05.10.2021 то 30.10.2021 дар гимназияи №1 ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаомӯзии педагогии худро гузарониданд.

Таҷрибаомӯзони шӯъбаи ғоибонаи факултет бо раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, методи кори омӯзгори фаннӣ, вазифаҳои роҳбари синф шинос шуда, дар як вақт дар асоси нақшаи ҳафтаинаи фардӣ дарсҳоро аз фанни забони давлатӣ, математика, адабиёт гузарониданд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ чунин масъалаҳои муҳим ҳалли худро ёфтанд: мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусии методика, педагогика ва психология; ба даст овардани малакаи корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва ташкилӣ; иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии мактаб ва монанди инҳо. Таҷрибаомӯзон дар дарсҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим, намудҳои мухталифи дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфиро гузаронида, бо таҷрибаи педагогии омӯзгорон аз наздик шинос шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ