​Таҷрибаомӯзӣ: татбиқи донишҳои назарӣ ва таҳкими маҳорати педагогӣ

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок намуда, ҷиҳати таҳкими маҳорати педагогии худ кӯшиш доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ин гуруҳи донишҷӯён дотсентон Зикриёева Муҳибахон ва Ғафурзода Дилбархон роҳбар таъин гардида, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро назорат ва дар самти таъмини самаранокии он тадбирҳои судманд ба роҳ мемонанд.

Ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ дотсент Назирҷон Пӯлотов ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд омада, бо таҷрибаомӯзон суҳбат намуд.

Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки муҳлати таҷрибаомӯзиро самаранок истифода бурда, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намоянд.

Гуфта мешавад, ки донишҷӯён мустақилона дар дарсҳо иштирок намуда, чорабиниҳои адабиву тарбиявӣ низ ташкил намуда истодаанд, ки дар амри баланд бардоштани маҳорати педагогии онҳо дар оянда мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ