​​Таҷрибаомӯзӣ –тақвият ба маҳорату малакаи касбӣ

Дар факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни курсҳои чорум баргузор гардид. Декани факултет, профессор Пӯлотов Аслиддин оид ба нақш ва аҳамияти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сухан ронда, қайд кард, ки он марҳилаи ҷамъбастии омодасозии донишҷӯён барои фаъолият дар муассисаҳо таълимӣ буда, вазифаи асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои омӯзгорӣ ин ташаккули қобилияти омӯзгорӣ, дар донишҷӯён бедор намудани шавқ ва тарбияи меҳру муҳаббат нисбати касби омӯзгорӣ мебошад.

Дотсенти кафедраи педагогӣ ва табиӣ-риёзӣ Турдимурод Аҳлиллоев донишҷӯёнро бо мазмуну мӯҳтавои давраи таҷрибаомӯзӣ,мақсад, вазифа ва нозукиҳои он ва қоидаҳои рафтор дар мактаб, тарзи либоспӯшӣ, риояи маданияти педагогӣ, тарзҳои муошират, сифати ҳуҷҷатнигорӣ шинос намуд. Мудири кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ, сармуаллимМамадҷонов Самеъҷон оид ба ташкили корҳои тарбиявӣ дар мактаб баромад намуда, афзуд, ки ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ яке аз шаклҳои асосии кори тарбиявӣ дар мактаб маҳсуб ёфта, ҳамзамон он шакли муоширати фаъоли тарбиядиҳанда бо хонандагон, воҳиди асосии раванди тарбия дар мактаби ибтидоӣ дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯёни таҷрибаомӯзро зарур аст, ки дар мавриди ташкили корҳои тарбиявӣ пеш аз ҳама худ намунаи ибрат гашта, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва дараҷаи донишҳои сиёсӣ пайваста кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин, дотсентон Неъматова Муқаддасхон, Баҳриев Файзулло ва Раҳимов Абдураҳмонбаромад карда, дар бораи низоми таълими салоҳият ва фарқи он аз шакли анъанавии таълим ба ҳозирин табодули назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ