​Таҷрибаомўзӣ - шакли мустаҳкамнамоии донишҳои назариявӣ

Як гурӯҳ таҷрибаомӯзони факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳ таҳти роҳбарии устодон ба МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд сафарбар гардида, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Ҳамзамон таҷрибаомӯзон баҳри баланд бардоштани савияи касби омӯзгории хеш дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ дарси намунавӣ аз фанни забони англисӣ мунтазам ташкил ва баргузор намуда истодаанд.

Таҷрибаомӯз-донишҷӯ, Наргис Бойназарова дар мавзуи “A story about three bears and a little girl” дарси намунавӣ ташкил намуда, аз лаҳзаҳои дарс самаранок истифода бурда, марҳилабандии онро аз лиҳози методӣ дуруст ба роҳ монд. Донишҷӯ дар раванди машғулият аз муаррифии пурмуҳтаво ва дигар аёниятҳои шавқовар фаровон истифода бурда, шавқу ҳаваси муҳассилинро нисбат ба дарс бедор намуд.

Дар раванди машғулият бо хонандагон як қатор бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуд, ки ин усул барои ҷоннок намудани раванди таълим хуб маънидод гардид. Зимни машғулият саҳнабозӣ низ истифода бурда шуд ва хонандагон дар ин маврид фаъолонокии худро нишон доданд.

Бояд қайд кард, ки дарси кушоди таҷрибаомӯз Наргис Бойназарова ба талаботи Низомнома оид ба ташкил ва гузаронидани дарси кушод ҷавобгӯ буда, аз лиҳози методӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомўзии педагогӣ - шакли мустаҳкамнамоии донишҳои назариявӣ ва амалӣ буда, ҷиҳати баланд бардоштанисатҳимаҳоратумалакаикасбӣ,сайқалдоданитаҷриба ва истеъдоди касбии донишҷўён мусоидат мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ