​Тарғибу ташвиқи Донишгоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сафарбаркунии устодони факултети математика корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён гирифт.

Устодони факултети математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, №31, муассисаҳои ғайридавлатӣ ташриф оварда корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддӣ ва техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Зимнан ба хатмкунандагон рӯзномаи “Нури маърифат”, ки дар он роҷеъ ба ихтисосҳои амалкунанда ва базаи моддиву техники Донишгоҳ маълумот дода шудааст тақсим ва дастрас намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ