​Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар факултети филологияи ӯзбек дар ҳамҷоягӣ бо факултети геоэкология ва туризм, инчунин факултети тарбияи ҷисмонӣ мулоқот сурат гирифт. Дар кори мулоқот табиби дорои тахассуси дараҷаи олӣ Мирова Розия иштирок намуда, перомуни мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуд.

Пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аҳамияти варзиш ба саломатӣ, дуруст ба роҳ мондани реҷаи рӯз, зарар ва оқибатҳои нодуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ба саломатии наврасону ҷавонон аз масъалаҳои меҳварие буд, ки перомуни он маслиҳатҳои муфид ироа гардид.

Пизишки дорои тахассуси дараҷаи олӣ Мирова Розия таъкид намуд, ки барои беҳдошти саломатии худ ва ояндаи нек ҷавононро мебояд, ки ба қоидаҳои оддитарини гигиенӣ риоя намоянд, аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр худдорӣ намуда, аз алоқаҳои мобилӣ камтар ва самаранок истифода баранд, дар ҳама ҳолатҳои равонӣ худро ба даст гирифта, таҳаммулпазириро пеша намоянд.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба табиб суолҳо манзур намуда, посухи мушаххас гирифтанд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки маърифати тиббии ҷавонон таҳким ёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ