​Тарғиби дастовардҳои истиқлол

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот сурат гирифт.

Ташаббуси мазкур бо иштироки муовини Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исроилзода Ихтиёр, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов ба роҳ монда шуд.

Гуфта шуд, ки ба мулоқот муовинони декан оид ба илм ва инноватсия ва тарбия, раисони созмони ҷавонон ва донишҷӯёни факултетҳо ҷалб гардиданд.

“Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси нақшаи мушатарак, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз ин мулоқот, пеш аз ҳама, тарғиби дастовардҳои замони истиқлол, таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон маҳсуб меёбад” – иттилоъ дод Хайёмиддин Исмоилов.

Дар доираи мулоқоти мазкур масъулин перомуни истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда, аз нақши истиқлол, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъкид намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ силсилаи тадбирҳои судмандро ба роҳ мондааст, ки конфронс, ҳамоиш, мулоқот ва аксияву суҳбат аз зумраи инҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ